ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тафтишоти кони "Кумтор" то ҳол зидди президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ягон далел пайдо накардааст, изҳор дошт раиси КДАМ ин кишвар Қамчибек Тошиев дар нишасти матбуотӣ.
"Мо парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Қурбонбек Боқиев, Алмосбек Отамбоев кушодем ва ҳамчунин Аскар Акаевро дар пайгарди қонунӣ қарор дорем. Се кишвардори собиқро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидем. Алайҳи Сооронбой Жээнбеков то ҳол ягон далел ёфт нашудааст. Агар пайдо шуд, ҳатман ҷазо мегирад", - тавзеҳ дод Тошиев.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба қазияи кони "Кумтор" қаблан Қамчибек Тошиев ба собиқ раисиҷумҳурони Қирғизистон ҳушдор дода буд.
Роҳбари КДАМ бар ин бовар аст, ки раисиҷумҳурони собиқ дар парвандаи ҷиноӣ оид ба фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи кони "Кумтор" даст доранд.
Тошиев афзуда буд, ки дар ин ҳолат собиқ сарвазирон, раисони парлумон, вакилон ва дигар мансабдорони баландмақом ҳам шояд ҷалб карда шаванд.
Гузашта аз ин, Тошиев зикр намуд, ки агар лозим ояд, собиқ президентҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, "чун даст доштани онҳо дар ин қазия имкон дорад".
"Халқ мебинад, ки дар 25 соли ахир кони мазкур мавриди ғорат қарор гирифт, дасисабозӣ зиёд буд ва мансабдорон чун лӯхтак буданд. Бас аст. Дигар ин кор такрор намешавад. Мо ҳамаро ҷазо хоҳем дод", - гуфта буд Тошиев.
Қаблан, дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор", раиси пешини парлумони Қирғизистон ва бародари собиқ президент, Асилбек Жеенбеков ва ҳамчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шуда буданд.
Инчунин, собиқ вакилони парлумон Исхоқ Пирматов, Талант Узакбоев ва Торобай Зулпукаров низ боздошт гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои "Кумтор" парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.