Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Тошиев дар бораи гуреза шудани мардуми афғон ба Қирғизистон: омода мешавем

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, барои дафъи таҳдидҳои беруна омодагиҳо фаъолона идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Гурезагон аз Афғонистон метавонанд ба қаламрави Қирғизистон ворид шаванд, гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар як нишасти хабарӣ.
Ба гуфти ӯ, чунин таҳдид на танҳо барои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, менависад Sputnik Қирғизистон.

"Гурезагон аз Афғонистон метавонанд ба қарибӣ дар қаламрави мо пайдо шаванд, на танҳо дар ин кишварҳо. Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳдидҳои беруна омодагӣ мегиранд. Дар ин самт корҳои фаъоли иктишофӣ идома доранд", - гуфт Тошиев.

Дар Афғонистон феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни ин кишвар ва ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ҷараён дорад.
Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибон
Натиҷаи набардҳои чандҳафтаина ин аст, ки "Толибон" тавонистанд қисмати зиёди Афғонистонро ба тобеияти худ дароранд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Лавров гуфт, дар сурати ҳамла аз Афғонистон, СААД Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Ин ҳамлаҳо дақиқан пас аз хуруҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон ҷон гирифтанд. Ҳоло ҳудуди 1000 шаҳрванди Афғонистон, ки қисмати зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуданд.
* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон