Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

"То охирони қатраи хун": талоши низомиён барои бозпас гирифтани шимоли Афғонистон -видео

Толибон қариб дар муддати ҳамагӣ чанд ҳафта қисмати беши Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварданд
Sputnik
Ҳукмати Афғонистон феълан бар он мекӯшад, ки қудратро ба тадриҷ тарафи худ кашад. Аммо ҳоло ин кор ба онҳо ба таври кофӣ даст надодааст.
Қувваи асосии ҳукумату давлат ба музофотҳои Тахору Бадахшон равона аст. Лашкари халқӣ бошад, дар дигар мувофотҳо алайҳи ҷангиён мубориза мебаранд.
Ҳукумат иқрор намудааст, ки вазъият феълан мушкил аст, аммо онҳо нақшаи бозпас баргардондани минтақаҳои таҳти тасарруфи Толибонро дар даст доранд.
Аммо ҳоло вазифаи асосие, ки ҳукумат назди худ гузоштааст, ин ҳимоя намудани шаҳрҳои бузург, роҳҳо ва ҳамчунин гузаргоҳҳо мебошад.
Агар фардо ҷанг шавад: СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ кор мекунад
Дар ҳамин ҳол, вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ изҳор доштааст, ки ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шаҳрвандони Афғонистон бар душман пирӯз меояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни Толибон* ҳоло як қатор минтақаҳои назди марзӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро забт намудаанд.
Чунин сурат гирифтани кор, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Русия ва давлатҳои аъзои СААД -ро нигарон намудааст.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия