ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ашита Миттал, Роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон Абдулҷаббор Раҳмонзода дар бораи вазъи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Ашита Миттал омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ба марзбонони тоҷик изҳор кард.
Тарафайн дар ин мулоқот ҳамчунин ризояти худро аз раванди тавсеъаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари минтақавии СММ дар умури мубориза бо ҷароиму маводи мухаддир дар Осиёи миёна эълом карданд.
Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир назорати марзҳо аз дигар мавзӯъоти матраҳшуда дар ин дидор буд.