Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Оё Қирғизистон дар ҳалли низои Афғонистон ба Тоҷикистон кумак мекунад? посухи Тошиев

Чанде пеш маълум шуд, ки намояндаи доимии Тоҷикистон дар СААД аз иттифоқчиён хоҳиш кардааст, ки дар пасманзари рӯйдодҳои ҷорӣ ба ҷумҳурӣ кумак кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар посух ба савол, ки оё Қирғизистон дар ҳалли вазъи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард, посухи мусбат дод.
"Табиист, ки мо бояд дар доираи СААД ҳамкорӣ кунем, зеро Афғонистон барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари беруна аст", - гуфт Тошиев.
Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз ҳампаймонҳои худ дар доираи СААД "барои кумак дар мубориза бо чолишҳо аз Афғонистон" даъват мекунад.
Дар ин бора намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон Ҳасан Султонов изҳор кардааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тошиев дар бораи гуреза шудани мардуми афғон ба Қирғизистон: омода мешавем
Дар Афғонистон феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни ин кишвар ва ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* ҷараён дорад.
Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибон
Натиҷаи набардҳои чандҳафтаина ин аст, ки "Толибон" тавонистанд қисмати зиёди Афғонистонро ба тобеияти худ дароранд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Лавров гуфт, дар сурати ҳамла аз Афғонистон, СААД Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Ин ҳамлаҳо дақиқан пас аз хуруҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон ҷон гирифтанд. Ҳоло ҳудуди 1000 шаҳрванди Афғонистон, ки қисмати зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуданд.
* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон