Қарори Аҳмадзода: барои аёдати маъюбони вилояти Суғд маблағ ҷудо шуд

Раиси вилояти Суғд бо қарори навбатиаш барои барои аёдати маъюбон вилояти 250 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран, имсол дар Рӯзи маъюбон бо қарори Раиси вилояти Суғд барои аёдати 700 нафар маъюбони гуруҳи як ва ду ва 300 нафар маъюбони то синни 18 сола 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар маҷмуъ 1000 нафар ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба бошандагони муассисаҳои иҷтимоии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ туҳфаҳои идона супорида хоҳад шуд.
Ҳадяҳои Рустами Эмомалӣ ба 5000 ятимону маъюбон дар остонаи Соли нав
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола 8 июл чун Рӯзи маъюбон гузаронида шуда, ба ин муносибат аз тарафи давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳо расонида мешавад.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд рафта, бошандагони муассисаи иҷтимоиро аёдат намуд.