ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Коршинос гуфт, оё омезиши ду навъи ваксин алайҳи вируси корона мумкин аст ё не.
Дар суҳбат бо радиои Sputnik Қазоқистон пизишк гуфт, ки барои эмгузаронӣ як усули ҷолибро истифода кардааст.
"Ман аз Спутник V оғоз карда, сипас вояи дигари ваксинаи Pfizer - ро гузаронидам. Ман фикр мекунам, ки ин беҳтарин омезиш аст. Бисёр одамон аз ин навъи омезиш истифода кардаанд, масалан, Ангела Меркел, Раҷаб Эрдуғон", - гуфт Шарман.
Ба гуфти коршинос Cпутник V аз AstraZeneca беҳтар аст, зеро ваксинаи сохти Русия бо ду аденовируси мухталифи инсон таҳия шудааст, дар ҳоле, ки AstraZeneca дар таркибаш танҳо як аденовирус дорад.
Вай таъкид кард, ки дар натиҷаи эмкунӣ сироят ёфтан ғайриимкон аст, зеро дору худи вирусро дар бар намегирад, балки танҳо сафедаҳоеро дорад, ки боиси беморӣ шуда наметавонанд.