Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Лавров гуфт, дар сурати ҳамла аз Афғонистон, СААД Тоҷикистонро ҳимоя мекунад

Лавров гуфт, ки ҳамла ба Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон фавран тариқи СААД пешгирӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ИМА на танҳо нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мекунад, балки қаламравро "бо дарки бенатиҷа будани рисолати бистсолаи худ" тарк менамояд.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар ин бора ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Шарқи Дур ҳарф зад.
Ӯ қайд кард, ки ҳамзамон дар шимоли Афғонистон, дар минтақаҳои наздимарзӣ нуфузи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ", ки дар қаламрави Русия мамнӯъ аст, меафзояд.
Дар мавриди вуруди нерӯҳои Русия ба Афғонистон низ, Лавров ибрози назар кард.
"Посух маълум аст. Мо бо Тоҷикистон шарикем. Ва агар ба Тоҷикистон ҳамла шавад, албатта, ин мавзӯи фаврӣ барои баррасӣ дар доираи СААД хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки худдории мақомоти Кобул аз таъсиси ҳукумат дар ҳоли гузариш дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ барои ҳалли вазъи Афғонистон мушкил эҷод мекунад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Лавров вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
Ба гуфти ӯ, таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир пас аз оғози амалиёт аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш, афзоиш ёфтааст.
ВУХ: Путин бо Раҳмон ва Мирзиёев доиман дар тамос аст
Ҳамзамон, ба гуфти вазир, дар Ғарб гузоришҳое мавҷуданд, ки эҳтимолияти иштироки низомиёни амрикоӣ дар интиқоли маводи мухаддирро нишон медиҳанд.