ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба Дабири кулл эътимоднома таслим намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Ҷонибек Ҳикмат эътимодномаи худро бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш супоридааст.
Гуфта мешавад, пас аз қабули эътимоднома, Гуттереш бо намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, масъалаи амният дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус вазъияти феълии Афғонистон низ мавриди таваҷҷӯҳи Ҷонибе Ҳикмат ва Антониу Гуттереш қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи апрел, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадамин Маҳмадаминро аз вазифаи намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ барканор ва ба ҷои ӯ Ҷонибек Ҳикматро таъйин намуд.
Ҷонибек Ҳикмат соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав дар Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият кард.