Идомаи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Теҳрон

Дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти Вазорати хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сайидрасули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар сафҳаи тветтири худ навишт, ки дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмиллалии вазорати хориҷа ҳамвора маҳали гуфтугуҳои бисёр муҳими сиёсӣ будааст.
Мусавӣ афзуд, ки дувумин рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар маҳали дафтари мутолиъоти вазорати хориҷа шурӯъ шуд.
Иҷлоси гуфтугӯҳои байни гурӯҳҳои мухталифи афғон бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон шахсиятҳои олии ҷумҳӯрият ва ҳайати олии сиёсии Толибон рӯзи гузашта ба мизбонии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
Ҳиҷоб ё чодар: Толибон стандарти ҳиҷоби занонро мушаххас кард – акс
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин нишаст бо ишора ба шикасти Амрико дар Афғонистон ва ҳузури беш аз ду даҳа дар ин кишвар, ки мӯҷиби харобиҳои бисёре шудааст, гуфт, ки имрӯз мардум ва раҳбарони сиёсии Афғонистон бояд барои ояндаи кишварашон тасмимоти душвор бигиранд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хабар дода шуда буд ҳайати давлати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон озими Теҳрон шуданд ва бо мақомоти баландпояи Эрон вазъи бавуҷудомадаи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон дар Теҳрон гуфтугӯҳои байнулафғонӣ баргузор хоҳад шуд.