ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Мақомоти вазорати умури хориҷии Эрон мегӯянд, ки ин кишвар ҳамзамон мизбони чаҳор ҳайати афғонистонӣ, аз ҷумла ҳайати баландпояи сиёсии давлати Афғонистон ва ҳайати гурӯҳӣ Толибон аст.
Сайид Расул Мусавӣ, мудири кулли Осиёи ҷанубии вазорати умури хориҷаи Эрон, дар як паёми твитерии худ хабар додааст, ки дар як вақт чаҳор ҳайати афғон ба Теҳрон омаданд.
Вай дар ин паёми худ навишт: Теҳрон ҳамзамон мизбони чаҳор ҳайати афғонистонӣ шомили ҳайати Комиссияи фарҳангии парлумони Афғонистон, ҳайати Толибон, ҳайати олирутбаи сиёсии ҷумҳурият ва ҳайати олии нозир бар раванди ташбити ҳувияти атбоъ аст.
Аз номи Афғонистон Муҳаммад Юнис Қонунӣ, Салом Раҳимӣ, Карим Хуррам, Иршод Аҳмадӣ, Зоҳир Ваҳдат ва Муҳаммадуллоҳ Батош ҳайати Толибонро таҳти роҳбарии Мулло Аббос Станекзай, муовини сардори ситоди Толибон* дар Қатар намояндагӣ мекунанд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, Сухангуи гурӯҳи Толибон гуфт, ҳайъати сиёсии Толибон* дар муддати ҳузур дар Теҳрон дидорҳое бо мақомоти Эрон дар хусуси раванди сулҳи Афғонистон ва масоили минтақаӣ ва густариши равобити дуҷониба табодули назар хоҳад кард.
Эрону Афғонистон робитаи хубу наздике бо якдигар доранд ва давлати Эрон борҳо эълом карда, ки омодаи ҳамкорӣ дар раванди сулҳи Афғонистон аст.
Аммо, мақомоти сиёсии Толибон* дирӯз гуфтанд, ки нақшаи сулҳи ин гурӯҳ дар тӯли як моҳ ба ҳукумати Афғонистон пешниҳод карда мешавад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар