Мақомоти Афғонистон: мавҷудияти тарҳи сулҳи Толибон дуруғ аст

Узви ҳайъати музокиракунандаи сулҳи давлати Афғонистон, мавҷудияти тарҳи сулҳи Толибонро фиреби афкори умумӣ хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳафиз Мансур, узви ҳайъати гуфтугукунандаи сулҳи давлати Афғонистон мегӯяд, Толибон ҳеч тарҳе дар бораи сулҳ надоранд ва иддаое, ки ин гурӯҳ ба тозагӣ дар бораи тарҳи сулҳ ба давлат пешниҳод дода, дуруғ аст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Сухангӯи Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Ройтерз гуфта буд, ки музокирот ва раванди сулҳ дар рӯзҳои наздик суръат хоҳад гирифт.
Ҷанги Афғонистон - ноҳияҳои тобеи толибон
"Даври охирини музокирот ба марҳилаи ҳассос расидааст. Эҳтимолан як моҳ тӯл хоҳад кашид то ба марҳилае бирасем, ки тарафайн барномаи сулҳи худашонро пешнищод намоянд. Гарчанде мо (Толибон) дасти болоро дар майдони набард дорем, мо дар бораи музокирот ва гуфтугӯи бисёр ҷиддӣ ҳастем”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки ба тозагӣ аъзои аршади Толибон гуфтаанд, ки ин гурӯҳ то моҳи оянда, тарҳи сулҳро ба ҳукумати Афғонистон ироа хоҳад кард.