ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Номгузорӣ шудани мактабе ба номи профессор Камолиддинов дар ноҳияи Аштро ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд таъйид намуданд.
Манбаъ изҳор дошт, ки қаблан як кӯча низ дар ноҳияи мазкур ба номи устоди Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд.
Номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои ноҳияи Ашт ба номи марҳум профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси шинохтаи тоҷик
© facebook/Nishonboi Madumarian
Профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси машҳури кишвар, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 дар авҷи бедодгариҳои коронавирус дар синни 85-солагӣ, баъди як рӯзи фавти духтараш Гулнора даргузашт. Ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ба хок супорида шуд.
Баҳриддин Камолиддинов, 8- уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда онро 1953 ба итмом расонида худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгориро ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз менамояд.
Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.
Марҳум солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 ба вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Ӯ кори омӯзгорияшро то охири умр идома дод.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, бо забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмӣ, илмию методӣ аст.