Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Коршинос: СРУ аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир пули калон ба даст меорад - навор

Ҳамалоти Толибон Дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ қавитар шуд
Sputnik
Ҳоло давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид миёни ҷангиёни Толибон* ва неруҳои Афғонистон идома дорад, ки дар ин набар Толибон фаъолтар буда, аз 28 ноҳияи музофоти Бадахшон аллакай 18 ноҳияро забт намуданд.
Дар умум бошад, сар аз моҳи май ҳудуди 150 ноҳияи Афғонистон ба тобеияти Толибон гузашт.
Бар тибқи охирон маълумот Толибон ҳоло 70 дарсади марз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ қарор доранд.
Гурӯҳи фаврии СААД озими Тоҷикистон шуд: марзро назорат мекунанд
Аз навори мазкур метавонед ба суолҳо амсоли "Оё Толибон ба Осиёи Марказӣ хатар доранд, ва ё Амрико боз чӣ ҳадафҳои дигар дар Афғонистонро дорад? посух пайдо кунед.
Ба ин ва дигар суолҳо Семен Багдасаров директори Маркази омӯзиши Ховари Миёна ва Осиёии Марказӣ дар мусоҳиба бо Sputnik посух дод.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия