ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Манобеъ аз Бемористони марказии Панҷакент, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҳабибов ҳанӯз рӯзи 24 июн бо нишонаҳои бемории коронавирус дар Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳр бистарӣ буд, вале дирӯз 6 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
“Давоми 10 рӯз зери оксигенератор қарор дошт. Хуруҷи бемориҳои ҳамрадиф аз ҷумла фишорбаландӣ, фарбеҳии дараҷаи 2 ва бемории ишимявии дил ба кори табобат таъсири манфӣ гузошт ва ниҳояд дирӯз рӯзашон буд шуду аз олам даргузаштанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳабибов Маъруф Ашӯрбоевич, 24 ноябри соли 1969 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2006 роҳбари ТҶ ММ ё ДОСААФ дар шаҳри Панҷакент таъйин шуда, то оғози соли 2021 ҳудуди 15 сол дар ин мақом кор карда аз лейтенант ба дараҷаи подполковникӣ расидааст.
Таҳти роҳбарии подполковник Маъруф Ҳабибов ТҶММ дар Панҷакент ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ба маҳзи меҳнати ҳалол, Ҳабибов бо чандин ҷоиза ва сипосномаҳо аз ҷумла 15 ва 20 – солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Баъзе аз рафиқони марҳум гуфтанд, Ҳабибов аз он, ки як кадри соҳаи низомӣ буд, ба хондаи китобу рӯзномаҳо рағбати зиёд дошт. Хуршед Фозилов аз рафиқони марҳум дар саҳфаи фейсбукиаш аз хислатҳои неки Ҳабибов ёд намуда даргузашти ӯро ба пайвандонаш тасаллият намудааст.
“Инсони хоксору заминӣ буданд китобдӯсту китобхон буданд. Шахси саховатманде буданд ҳар куҷое муҳтоҷеро медиданд, дастгирӣ мекарданд. Равонашон шод бод! Ба аҳлу оила ва наздиконашон сабри ҷамил мехоҳем”, - нигоштааст Фозилов.
Ҷанозаи Маъруф Ҳабибов, соати 7 и субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба “Сарманзил”и шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳамкорон ва хешу пайвандон ба хок супорида шуд.