Фаврӣ: ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар Сирдарё

Чаҳор хонандаи мактаби шаҳри Истаравшан баъд аз зуҳри имрӯз, ҳангоми оббозӣ дар руди Сир ғарқ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Аз қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки алҳол ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудаҳо дар Сирдарё идома дорад.

"Ба ҷойи ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба ҳисоби ғаввосон (водалазник) сафарбар шудаанд”, - гуфт манбаъ.

Бар пояи иттилои КҲФ Суғд, ҳодиса дар соҳили рости Сирдарё дар наздики боғи фарҳанги фароғатии “Наврӯзгоҳ” рух додааст.
Рухдоди ин ҳодисаи мудҳишро дар Идораи маорифи шаҳри Истаравшан низ ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд.
Ҷавони 20 - солаи тоҷик дар Петербург ғарқи об шуд
Бино ба иттилои ин Идора ғарқшудаҳо ҳама хонандаҳои синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 и ҷамоати Ниҷонии Истаравшан будаанд.
“Хонандаҳо барои чӣ ба Хуҷанд сафар кардаанд ва чи гуна барои оббозӣ ба Сирдарё рафтаанд, барои мо норӯшан аст”, - гуфт манбаъ аз маорифи Истаравшан.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд
Ин дар ҳолест, ки аксари ҷавонон дар бораи камбуди обоззиҷойҳо дар руду обанборҳои кишвар таъкид мекунанд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд дорад.