Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Ба "Якум Советский" бурданд: аҳволи овозхони маъруфи тоҷик вазнин шудааст

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи "Якум Советский" интиқол ёфт. Вазъи сиҳатиаш вазнин арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар шифохонаи "Якум Советский" бистарӣ шуд.
Яке аз пайвандони Қурбоналӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи панҷ рӯзи ахир бо аломатҳои “вируси корона” дар хона бистарӣ ва таҳти муроқибати духтурон буд.
"Дирӯз бегоҳ вазъи сиҳатиашон вазнин шуд ва мо тасмим гирифтем, ки ӯро ба шифохонаи "Якум Советский" баранд. Ҳоло таҳти назорати пизишкон аст", - гуфт ӯ.
Моҳи майи соли 2018 ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузашта буданд.
Он замон расонаҳо хабар доданд, ки ҳангоми ҷонсупории модар аз шиддати дард қалби духтараш аз кор мондааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Беморӣ баъди сафар: Далер Назаров аз вируси корона дар хона табобат мегирад
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).
Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли "Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.
Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли "Дарё" ба кор даромад.
Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси "Сомониён" таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.