ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, барои расонидани кумак дар марзи Афғонистон омода аст, изҳор дошт Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷа.
Вай таъкид кард, ки дар сурати зарурӣ, Русия барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон талошҳои иловагӣ хоҳад кард.
"Масъалаи расонидани кумаки иловагӣ ба Тоҷикистон бинобар вазъи Афғонистон аз рушди вазъ вобаста хоҳад буд", - таъкид гардидааст дар Вазорати умури хориҷии Русия.
Ёдовар мешавем, сар аз 1 май Амрико ба хуруҷи низомиёни худ аз Афғонистон шурӯъ кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк кардаанд.
Илова бар ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз ин кишвар берун рафтанд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон* фаъолтар шуданд.
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён доранд. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт. Дар маҷмӯъ, Толибон аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия