ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Душанбе корҳои фармондадиҳӣ ҷиҳати эмин мондани сокинон аз ин беморӣ пурзӯр мегардад, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Бино бар иттилои манбаъ, корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 сурат мегирад.
"Аз ҷумла, имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои таъсисгардида дар бозорчаи “Ҳайдариён”, Маркази савдои “Ганҷина”, “Панҷшер”, кӯчаву хиёбонҳои Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо сокинон мулоқоту суҳбатҳо доир гардид", - афзудааст шаҳрдорӣ.
Зимни суҳбат ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам аз ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмӣ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.
Ҳамчунин ба сокинон маслиҳат дода шуд, ки нисбат ба саломатии худу атрофиён бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондани худ ва наздиконашон аз ин бемории хатарноки сироятӣ ба марказҳои саломатии макони зисташон муроҷиат намуда, ваксина гиранд.
Бо қарори Ситоди шаҳрӣ дар чор ноҳияи пойтахт гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам ба хотири пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ бо сокинону меҳмонони шаҳр корҳои фармондадиҳӣ мебаранд.
Ёдрас мешавем, шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон меафзояд. Дар умум то имрӯз дар кишвар 13 623 нафар аз КОВИД-19 сироят ёфта, 95 тан қурбони вабои замон шудаанд.