ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат дода шуд. Ин тартиб дар таҳрири нави қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ", ки кишвардор Шавкат Мирзиёев рӯзе пеш имзо кард, омадааст.
Қаблан, бо либоси мазҳабӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон буд. Ҳамзамон, тарҳи нави қонун, сабти ном ва қатъи фаъолияти ташкилотҳои диниро содда мекунад.
Масалан, барои таъсиси як созмони мазҳабии маҳаллӣ имзои ҳадди аққал 50 шаҳрванде, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, зарур аст. Қаблан ризояти ҳадди аққал 100 нафар талаб карда мешуд.
Ташкилоти динӣ метавонад бо қарори раҳбари он бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё тақсимшавӣ тағйир ёбад.
Ташкилотҳои динӣ инчунин ҳангоми шикоят ба додгоҳ аз болои амалҳои шахсони мансабдор аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.
Дар баробари ин, таълимоти динӣ берун аз муассисаи динӣ ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.
Дар бораи эҳтимоли иҷоза додани пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вакил Расул Кушербоев ҳамнӯз моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд.
Он замон Палатаи қонунгузорӣ лоиҳа дар бораи ислоҳи қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ", аз ҷумла иҷозаи пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро дар хониши аввал қабул кард.