Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

"Толибон"* гуфтанд, ягон нақшаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия накардаанд

"Толибон" гузоришҳои расонаҳоро дар бораи омода кардани нақшаи сулҳ дар Афғонистон, бепоя хонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ҷунбиши радикалии "Толибон" нақшаи барномаи сулҳ дар Афғонистонро таҳия намекунад, гуфт намояндаи гурӯҳ Наим Вардак ба РИА Новости.
Вай таъкид кард, ки "Толибон" ҳеҷ гуна барномаеро барои баррасӣ ба нерӯҳои ҳукуматӣ пешниҳод карданӣ нестанд.

"Дар баъзе расонаҳо хабарҳои беасосе паҳн шуданд, ки гуиё Аморати Исломӣ (Толибон - идора.) нақша ё барномаи сулҳро таҳия кардааст ва онро моҳи оянда ба маъмурияти Кобул месупорад. Ҳеҷ чунин чизе нест", - гуфт сухангӯи "Толибон".

Қаблан хабаргузории Reuters бо такя ба як узви дигари ҷунбиши радикалӣ Забиуллоҳ Муҷоҳид хабар дода буд, ки "Толибон" то охири тобистон нақшаи хаттии сулҳро ба мақомоти Афғонистон пешниҳод мекунанд.
Толибон: ҷараёни сулҳ дар рӯзҳои оянда суръат хоҳад гирифт
Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.
Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон" фаъолтар гардиданд.
Оё гурезагони Афғонистон дар Русия муҳоҷир мешаванд? посухи коршинос
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар