ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Кобул мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният дар сарҳад ва вазъияти амниятии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳаракати мамнӯи Толибон* тайи ҳафтаҳои охир бисёре аз навоҳии ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ишғол карда, беш аз ҳазор низомии афғонро водор ба фирор ба қаламрави Тоҷикистон намуданд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амниятӣ хостори пурзӯр кардани ҳифзи марз дар минтақаҳое, ки зарур аст, дастур дод.
Раисиҷумҳур ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ супориш дод, ки ҳудуди 20 ҳазор низомии эҳтиётиро барои таҳкими амният ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон равона созад.