ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар асоси супориши Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии коронавирус дар як қатор кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои соҳили рости шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, корҳои тамизгардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, яъне истгоҳҳои нақлиётӣ, роҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдову бозор, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд.
Ин тадбирҳо то пурра анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома меёбанд, таъкид намудаст шаҳрдории Хуҷанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон боз 2 нафар фавтидаанд. Дар умум шумораи қурбониёни вабо дар мавҷи дувуми вируси ковид ба 5 нафар ва аз соли гузашта ба 95 нафар расидааст.
Аммо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз авали мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон дастикам аз 16 ҳолати марг аз ин вабои аср хабар доданд.
Ҳамчунин тайи як шабонурӯз 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 17 кас шифо ёфтаанд, хабар дод манбаъ.