ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Вашингтон бояд дарк кунанд, ки кӯшиши муколама бо Маскав аз мавқеи зурӣ барбод хоҳад рафт, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Индонезия "Ракят Мердека".
"Мо ба амалҳои ғайридӯстона посухи сахт ва қатъӣ медиҳем", - гуфт вазир.
Ба гуфти Лавров, дар нишасти Женева, Владимир Путин ба таври возеҳ ишора кард, ки натиҷаи хуб дар ҳама соҳаҳо, танҳо тавассути тавозуни барои ҳарду тараф мақбул, қатъиян дар асоси паритетӣ имконпазир аст.
Дар ин вохӯрӣ ҳеҷ эътирозе набуд, аммо фавран пас аз дидор, Вашингтон "ба интиқомгирӣ" шурӯъ кард, гуфт дипломат.
Нахустин мулоқоти Владимир Путин ва Ҷо Байден 16 июн дар Швейтсария баргузор шуд.
Ба ақидаи ҳарду ҷониб, он дар рӯҳияи созанда гузашт: сарони давлатҳо дар баъзе масъалаҳо ба мувофиқа расиданд ва ба хулоса омаданд, ки машваратҳоро оид ба суботи стратегӣ оғоз кунанд.