ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik.Ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, рӯзи 7 июл даъват шудааст.
Тибқи иттилои ҳукумати Суғд, вакилони вилоят иҷрои вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро дар мавриди ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баррасӣ хоҳанд кард. Вазифаҳо пеши ҳукуматҳои маҳаллӣ дар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва қарори раиси вилоят дар бораи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ гузошта шуда буданд.
Инчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ шунида хоҳад шуд ;
Вакил аз ҳавзаи интихоботии "Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ", №37 Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода дар мавриди рафти иҷрои ваколати вакилӣ гузориш хоҳад дод.
Аз масъалаҳои дигари Маҷлиси вакилони Суғд, тасдиқи Феҳристи корхонаю муассисаҳои моликияти коммуналии вилоят мебошад.
Вакилон инчунин номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ дар қаламрави вилоятро баррасӣ мекунанду қарорҳои қаблан қабулкардаи раиси вилоятро тасдиқ мекунанд.