ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, Орхан Инанди боздошт ва ба Туркия интиқол дода шудааст, хабар медиҳад TRT-HABER.
Дар ин бора, кишвардори Туркия пас аз ҷаласаи ҳукумат дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Дар натиҷаи кӯшишҳои оқилонаи хадамоти махсуси мо Орхан Инандӣ, мудири FETO дар Осиёи Марказӣ ба кишвари мо оварда шуд, вай ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Мо ҳеҷ гуна сохтореро, ки ба давлат ва миллат хиёнат мекунад, иҷозат намедиҳем, ки хунрезӣ кунад ва зарари маънавӣ расонад", - гуфт Эрдуғон.
Эрдуғон афзуд, ки беш аз 100 нафар дар доираи амалиёт алайҳи аъзоёни FETO дар хориҷ, ба Туркия оварда шудаанд.
Нопадид шудани Орхан Инандӣ
Президенти шабакаи литсейҳои "Сапат" Орхан Инанди, зодаи Туркия субҳи барвақти 1 июн дар Бишкек нопадид шуд. Мошини ӯ бо дари боз дар кӯчаи Малдибоев ёфт шуд.
Аризаро дар бораи нопадид шудани мард, писараш навишт. Президент Содир Ҷабборов ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҷустуҷӯро шадидтар кунанд.
Ҳимоятгари "Сапат" Зоотбек Кудайбергенов фарзияи одамрабоиро истисно накард. Вай қайд кард, ки Инанди аз соли 2012 шаҳрванди Қирғизистон аст.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар навбати худ хабар дод, ки ду сол пеш ба Орхан Инанди дар бораи таҳдиди рабудан ҳушдор шуда буд.
Шабакаи муассисаҳои таълимии "Себат" соли 2017 ба "Сапат" тағйири ном кард. Акнун Вазорати маориф ва илми Қирғизистон низ аз муассисони он мебошад.
Пештар хабар дода шуд, ки ба муассисони ин шабака се шаҳрванди Қирғизистон - Майрамбек Ҷумалиев, Ҷолдошалӣ Кочконбоев ва Орхан Инандӣ шомиланд.