Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ

Собиқ корманди телевизиони Тоҷикитсон ва нашриёти "Адиб" дар бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизион даргузашт.
"Ҳамин лаҳза хабар расид, ки Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти Адиб кор мекард, ҷонро ба Ҳақ таслим намуд", - хабар додааст рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар Фейсбук.
Ҳарчанд далели марги зан гуфта намешавад, зоҳиран Ҳабиба Қурбонова низ қурбони коронавирус гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар бемористони касалиҳои сироятӣ хоб буд ва чанд рӯзи ахир зери асбоби нафасгирии сунъӣ қарор дошт.
Ҳабиба Қурбонова ҳамагӣ 47 сол дошт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, корманди собиқи телевизион, китобхонаи ба номи Лоҳутӣ.
Ахиран вазифаи муовини директори нашриёти Адибро адо мекард. Соҳиби 2 фарзанд буд.
Ёдрас мешавем, тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар мавҷи дувуми ковид дар Тоҷикистон бештар аз 16 нафар дар пайи бемории коронавирус даргузаштанд. Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ 5 нафар дар кишвар қурбони он шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран хабар дода шуд, ки хушдомани раисҷумҳури Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон Узбекбӣ Асадуллоева низ дар пайи бемории коронавирус даргузашт.
Чанд чеҳраи маъруфи дигар, аз ҷумла вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Акбар Турсун, олими машҳури тоҷик низ гирифтори коронавирус будаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мотам дар хонаводаи президент: модарарӯси Эмомалӣ Раҳмон даргузашт
Пештар вазорат аз афзоиши рекордии коронавирус дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар хабар дод.
Тибқи он омор, шабонарӯзи гузашта 32 тан мубталои коронавирус шудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 июл дар кишвар 13655 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13410 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд.