ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироятёбӣ, шифо ва фавт аз коронаврусро нашр кард.
Тибқи иттилои расмии вазорат, дар як шабонарӯзи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон боз 2 нафар фавтидаанд. Дар умум шумораи қурбониёни вабои аср дар мавҷи дувуми вируси ковид ба 5 нафар ва аз соли гузашта ба 95 нафар расидааст.
Аммо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз авали мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон дастикам аз 16 ҳолати марг аз ин вабои аср хабар доданд.
Ҳамчунин тайи як шабонурӯз 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 17 кас шифо ёфтаанд.
Дар умум шумораи сироятёфтагон ба 13 623 нафар ва шифоёфтагон ба 13 382 нафар расидааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.