Доро нестам: акаи Шарифҷон ба модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохт

Зан бо духтараш, ки бемор будааст 16 сол ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, зиндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб соҳибкоре барои модару духтаре, ки 16 сол бехона буданд, манзил сохтааст.
Дар ин бора сомаи "Оила" дар ҳошияи барномаи "Умеди охирин" хабар додааст.
Фотима ва духтараш Умеда пештар ба сомонаи "Оила" муроҷиат кардаанд, ки ба дасти кӯмак ниёз доранд. Соҳибкор Шарифҷон ин барномаро тамошо карда, мақсад гузоштааст, ки ба онҳо кӯмак мекунад.
"Худам ҳам доро нестам. Аммо ман мақсад гузоштам, ки ба духтару модари ниёзманд кӯмак мекунам", - мегӯяд дар навор Шарифҷон.
Замини манзил аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон ҷудо карда шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, хона бо сифати баланд таъмир карда шуда, рӯзҳои наздик, бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла, яхдон, тафдон, кондисанер, телевизеор, компютер, ҷевон барои ошхона, курпаю болиш, дегу табақу коса ва дигар маҳсулоти лозимӣ муҷаҳаз мегардад.
Соҳибкор ҳамчунин ваъда додааст, ки Умедаро барои шомил шудан ба дилхоҳ донишгоҳ кумак хоҳад кард.