ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Давлат Сафар, рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вазифаи мовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин шуд.
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора ахиран имзо шуд.
Ба иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон, Давлат Сафар аллакай дар Вазорати фарҳанг ба ҳайси ноиби нави вазир расман муаррифӣ шудааст.
Бояд қайд кард, ки Давлат Сафар дар ин мақом ба ҷои Қурбоналӣ Абдураҳимзода, ки санаи 19 июн, бо аломатҳои бемории коронавирус даргузашт, таъйин шудааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки Қурбоналӣ Абдураҳимзода, дар синни 57 – солагӣ аз хуруҷи дигарбораи маризии “вируси корона” даргузашт. Ӯ расо як сол қабл 18 июн муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм таъйин шуда буд.
Давлат Сафар, муовини нави вазири фарҳанги Тоҷикистон 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1982 мактаби миёнаи №7 - и зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст. Аз ҷумла солҳои 2012-2014 дар мақоми директори генералии КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2014 ба ҳайси сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз соли 2019 ба ҳайси мудири нашриёти “Адиб” кор кардааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои “Пайғоми ишқ” (1998), “Шеъи гаҳвора” (2010), “Шаҳбол” (2010), “Авҷи парвоз” (2011), “Дурахши истиқлол” (2011), “Девони ашъор” (Кобул, 2013), “Исёни ғурур” (2013) ва ғайра гирд оварда шудаанд.