ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русӣ андаке поин омада арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1541 сомонӣ нишон дода шудааст. Санаи 2 июли соли равон 1 рубли русӣ 0,1547 сомонӣ арзиш дошт. Бояд гуфт, ки асъори русӣ тайи ду моҳи ахир устувориро дар бозор нишон медод.
Қурби доллар, ки ахиран андаке боло рафта буд, каме поин рафт. Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз ба таври назаррас поин рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4052 сомонӣ муқаррар шудааст. Санаи 2 июли соли равон 1 евро дар Тоҷикистон 13,4336 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.4052 то 13. 6000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1541 то 0.1565 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.