ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дмитрий Песков мегӯяд, масъалаи ворид намудани низомиёни Русия ба хоки Афғонистон ҷой надорад ва дар ин бора на бо ҳукумати он кишвар ва на бо Толибон* гуфтушуниде сурат гирифтааст.
"Не. Дар ин бора ҳеҷ гуфтушунид вуҷуд надорад", - посух додааст Песков ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки оё Русия низомиёни худро ба Афғонистон ворид мекунад ё на.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар мавриди нерӯи иловагӣ чизе гуфта наметавонад.
"Албатта, вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон мавҷуд аст, мутаассифона ба таври беҳтарин рушд намекунад ва аз ин рӯ марзбонони низомии мо тасмимҳои заруриро хоҳанд гирифт".
Сухангӯи Крем аз он ёдовар шуд, ки онҳо борҳо дар мавриди муташанниҷ шудани вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳушдор дода буданд.
Ӯ мегӯяд, Русия вазъияти Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад ва он чизе, ки феълан дар хоки афғонҳо сурат мегирад, бисёр нигаронкунанда аст.
Ёдовар мешавем, Толибон ҳамалоти худро дар Афғонистон ҳамарӯза қавӣ намуда, музофоти вилоятҳои зиёдро ба тобеияти худ дароварданд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло беш аз 1000 низомии афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти Толибон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд ва сарҳадбонони тоҷик ҳам ба онҳо убури марзро иҷозат доданд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия