ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Гулов Ашрафҷон Шералиевич ба мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия таъйин карда шавад, фармон додааст Эмомалӣ Раҳмон.
Бо фармони дигар, Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири фавқулоддаи Тоҷикистон дар Туркия озод гардид.
Ашрафҷон Гулов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки солиёни зиёд дар мақомоти бонкӣ, андоз ва умури хориҷӣ кор кардааст.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ашрафҷон Гулов 18-уми декабри соли 1981 таваллуд шуда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2003 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун оғоз кардааст.
Ба фаъолияти дипломатӣ соли 2007 пайваста дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва намояндагӣ дар Иттиҳоди Аврупою НАТО кор кардааст.
Сипас соли 2010-ум ба кор дар мақомоти андоз дар вазифаи сардори Раёсати андозсупорандаҳои калон гузашт. Аз соли 2014 ба мақоми консули генералӣ дар Русия таъйин гардида, баъди барканорӣ аз ин мақом то ҳол дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Бар асоси иттилои қаблан нашршуда, Гулов оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.