Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард

Президент ҷойгузини собиқ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализодаро таъин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини нави вазири тандурустии Тоҷикистонро таъин кард.
Тибқи фармони президент, Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ таъин шудааст.
Ёдрас мешавем, пештар ин симатро Самариддин Ализода дар дӯш дошт, ки 31 марти соли равон барканор гардид.
Бо гузашти қариб се моҳ аз барканории охирин муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ курсии ӯ холӣ буд.
Раҳмон Самариддин Ализодаро, ки як навораш боиси хандаи корбарон шуд, барканор кард
Ҳарчанд далели барканории Ализода расман ва дар фармони президент зикр намешуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ дар пайи изҳороташ дар бораи "Кореяи ҷанубӣ ва Кореяи шимолӣ" дар рафти нишасти матбуотӣ дар мавриди ваксина барканор гардид.
Ёдрас мешавем, он замон пас аз нишасти матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муовини вазир дар муаррифии ҳамкасбонаш аз ташкилотҳои хориҷӣ ба мушкилӣ дучор шуд ва замоне кишварҳои истеҳсолкунандаи ваксини AstraZeneca мегуфт, Кореяи шимолиро аз Кореяи ҷанубӣ натавонист фарқ кунад.
Пештар масъулини вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, масъулияти ин муовини вазирро раёсатҳои зидахл, аз ҷумла Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилӣ бо муваффақият пеш мебаранд.
Амирзода Абдухолиқ Амир, муовини навтаъин то ин дам роҳбари Маркази санитариву эпидемиологии шаҳри Душанберобуд.