Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар Русия: ду ададашон дар Маскав

Хадамоти федеролии амнияти Русия – “ФСБ” чанд нафарро боздошт кард, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар Маскав аз ду ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шуд, гумонбарон аллакай дар боздошт қарор доранд, хабар медиҳад Маркази робита бо ҷомеаи “ФСБ”.
Аз ҷумла ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав, Кабардино-Балкар ва вилояти Астрахан пешгирӣ карда шуданд.
"Ду террорист боздошт шуда, шаш нафари дигар безарар гардонда шуданд", - қайд мекунад манбаъ.
Хабар дода мешавад, ки ҳама ҳамлаҳои террористиро тобистони имсол аъзои ташкилоти мамнӯи байналмилалии террористӣ "ДОИШ" (дар қаламрави Русия мамнӯъ) ба нақша гирифтаанд. Шаш нафар ҷинояткорони безараршуда аз вилояти Астрахан ва Кабардино Балкария буданд.
“ФСБ” ҳанӯз ҷузъиёти ин қазияро шарҳ надодааст, ба ҷуз аз он ки яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноӣ барои таркондани маводи худсохт дар Маскав дар ҷои ҷамъиятӣ омодагӣ мегирифт.
Панҷ таксирони тоҷик қасди инфиҷори бинои низомиён дар Русияро рад карданд
Ҳангоми кофтукоб дастгоҳҳои таркандаи худсохт, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва адабиёти экстремистии динӣ мусодира карда шуд, афзуд манбаъ.
Дар натиҷаи амалиёти махсус, дар байни аҳолии осоишта ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз рӯи ин қазия парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. Ҳамзамон, дар пайи Хадамоти федеролии амният, Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия низ дар бораи боздошти экстремистон хабар дод.
Тибқи иттилои ин шӯъба, тундравон дар вилояти Брянск ва қаламрави Хабаровск боздошт шудаанд. Онҳо тамринҳо мекардаанду ба "ҷиноятҳои хушунатомез" омодагӣ медиданд, таъкид кардааст манбаъ.
*созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва кишварҳои дигар