Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар кишвар ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 39+41 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 22+24 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Чӣ гуна бояд пӯсти худро аз офтоби сӯзон эҳтиёт кард: тавсияи Вазорати тандурустӣ
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон пешбинӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.