Шаҳри Ҳироти Афғонистон дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон дохил шуд

Шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон сабт мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Cарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг Афғонистон гуфт, ки Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО ) дархости давлати Ашраф Ғанӣ барои сабти шаҳри Ҳирот дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳонро пазируфтааст, иттилоъ додааст ToloNews.
Ба иттилои манбаъ, Тоҳир Зоҳир, Cарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг Афғонистон афзуд, ки, ЮНЕСКО 30 ҳазор доллар ба давлат Афғонистон додааст то дар гирдоварии иттилоот дар бораи меросҳои фарҳангии Ҳирот ҳазина кунад.
Ин иттилоот дар воқеъ шоистагии шаҳри Ҳиротро ҳамчун бахше аз мероси боарзиш барои сабт дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон,таъйид хоҳад кард.
Пешниҳоди сабти қалъаи Ҳисори Тоҷикистон дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО
Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон бо 830 бозмондаи торихӣ аз бостонитарин шаҳрҳои минтақа шинохта мешавад. Шаш моҳ пеш ҳукумати Афғонистон муаррифии номае аз шаҳри торихии Ҳирот барои сабти ин шаҳр дар феҳристи меросҳои фарҳангии ҷаҳон ба ЮНЕСКО фиристод.
Шаҳри Ҳирот бо доштани бозмондаҳои торихии бисёр, ба вижа аз давраи исломӣ, ҳамеша яке аз мақсадҳои аслии гардишгарони хориҷӣ дар Афғонистон будааст.