Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Додгоҳ ҳабси Сёминро то 3 моҳ тамдид кард

Додгоҳ ниҳоят парвандаи ҷиноиро ба тафтишот бармегардонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҳабси гумонбар дар куштори духтараки 5-солаи тоҷик дар Русия Ҳувайдо Тиллозода, Александр Сёминро ба 3 моҳ тамдид карданд.
Имрӯз дар Додгоҳи вилоятии Маскав баррасии парвандаи куштори Ҳувайдо баргузор шуд.
"Додгоҳ ҳабси пешакии гумонбари куштори Ҳувайдоро то се моҳ тамдид кард", - хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон фаъоли иҷтимоӣ ва ҳомии ҳуқуқ Бахтовар Ҷумъаев.
Бино бар иттилои вай, ҳамчунин бо қарори додгоҳ парванди ҷиноӣ бояд ба тафтишот баргардонида шавад.
"Муфаттишон дар муддати 3 моҳ тафтиши парвандаро бояд пурра карда, ба охир расонанад. Агар не, аз додгоҳ боз мӯҳлат мехоҳанд", - афзуд Ҷумъаев.
Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Баргузории боз як суд дар роҳи баргардонии парвандаи куштори Ҳувайдо ба тафтишот
Мурофиаи навбатии додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо бояд 8 октябри соли равон баргузор шавад.
Ёдрас мешавем, соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.
Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд. Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд. Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, ҳукм содир нашудааст.