Бозии калидии мусобиқаи футзали Тоҷикистон: легионери эронӣ ду гол зад

Дар сабқати даври сеюми Лигаи касбии футзал бозии калидӣ миёни ду дастаи пешсаф мусовӣ анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бозии марказии даври сеюми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни ду дастаи довталаби ҷои аввалу медали тилло – “Соро компания” ва “Сипар” бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҳайати “Соро компания” легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ду гол зад. Як голи дигарро Файзалӣ Сардоров ба номаш навишт. Голҳои “Сипар”-ро Баҳодур Хоҷаев, Парвиз Раҳматов ва Шавкат Ҳалимов заданд, тавзеҳ дод манбаъ.
Дар ду бозии дигари даври сеюм “Истиқлол” ва “Помир” баробар бозӣ карда, (2:2), “Пойтахт” дар сафар “Самандар”-ро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод.
Натиҷаи бозиҳои даври 12 - уми чемпионати Тоҷикистон: "Истиқлол" ба ҷои дуюм баромад
Бо натиҷагирӣ аз се даври бозиҳои лигаи касбии футзали кишвар, “Соро комапния” ва “Сипар” бо 7-холӣ пешсафанд.
Дар даври чорум “Пойтахт” бо “Истиқлол”, “Самандар” бо “Соро компания” ва “Помир” бо “Сипар” вомехӯранд.
Феълан “Соро компания” – и шаҳри Душанбе ва “Сипар” – и шаҳри Хуҷанд бо 7 холӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор доранд. Дастаи “Истиқлол” – и Душанбе бо 4 хол дар ҷои сеюм, “Помир” – и Хоруғ дар ҷои чорум, “Пойтахт” – и Душанбе дар ҷои панҷум ва “Самандар” - и Турсунзода дар ҷои шашум қарор дорад.