Оё Анқара лоиҳаҳои пантуркистиро дар Шарқ амалӣ карда метавонад? шарҳи коршинос

Александр Скаков, ноиби мудири Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, дар бораи сиёсати Туркия дар Шарқ изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ноиби мудири Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мегӯяд, дар Туркия нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд тарҳҳои пантуркистиро амалӣ созанд.
Александр Скаков дар суҳбат бо радиои Sputnik изҳор дошт, ки дар 20 соли оянда барои Туркия "ҳаракат ба сӯи Шарқ" ниҳоят душвор мебошаду ҳалли мушкилоти маҳаллӣ осонтар хоҳад буд.
"Дар Туркия нафароне ҳастанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои пантуркистӣ талош доранд, аммо то ҳол Анқара имкониятҳои кофӣ надорад. Ҳоло кишвар бӯҳронро аз сар мегузаронад, аз ҷумла коҳиши ММД, даромад ва воридот ба хазина ҷой дорад. Пул дар он ҷо аз пештара камтар шудаст. Яъне ин барои Туркия лоиҳаи гарон аст, ки аз уҳдааш намбарояд", - қайд кард Скаков.
Ба гуфтаи вай, чунин пешгӯиро танҳо барои давраи кӯтоҳмуддат додан мумкин аст, дар дурнамо, яъне дар 20 сол чӣ мешавад, маълум нест.
Эрдуғон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд
"Дар мавриди президент Эрдуғон инро бояд гуфт, ки ӯ воқеъбин аст. Вай ба он такя мекунад, ки Анқара чиро метавонад, на чиро мехоҳад. Метавон бисёр чизҳоро хост, аммо Туркия ҳоло чунин имкониятҳоро надорад. Ҳоло вай нақшаҳои бештари ҳаракат на ба Шарқ, балки ба самти комилан дигар дорад", - гуфт коршинос.
Вай тавзеҳ дод, ки барои Туркия ҳалли масъалаҳо дар Сурия, Либия ва Баҳри Миёназамин дар муқоиса бо ҳаракат ба Шарқ, хеле осонтар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноктар хоҳад буд.