ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирусро нашр намуд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 28 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба вируси COVID - 19 сабт карда шуд. Илова бар ин, вазорат аз ҷон бохтани як бемор ва шифо ёфтани 19 нафари дигар хабар дод.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 597 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 365 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 93 нафар баробар шуд.
Хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон
Ба маълумоти расмӣ, вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд.
Дар давоми 14 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти се бемор хабар додааст. Дар ҳоле, ки расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамарӯза хабару гузоришҳо дар мавриди даргузашти одамон аз бемории коронавирус нашр мекунанд.
Дар хабари даргузаштҳо, пайвандони марҳумон изҳори боварӣ мекунанд, ки онҳо маҳз аломатҳои маризии вируси COVID - 19 доштаанд.
Аз ҷумла, имрӯз ҳамсари собиқ вазири молия Анваршо Музаффар даргузашт, ки илати марги ӯ бемории коронавирус гуфта мешавад.