Суқути ҳавопаймо бо 85 сарнишин дар Филиппин

Феълан маълум гардид, ки дар ин ҳодисаи нохуш 17 нафар аз сарнишинҳои ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар ноҳияи Сулуи Филиппин ҳавопаймои низомӣ суқут кард, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа суқут кард. Садама дар ҳоле рух дод, ки ҳавопаймо зимни фурӯд омадан аз хати нишаст берун рафт ва ба дарахт бархӯрду оташ гирифт.
Манбаъ меафзояд, ба оташнишонон даст омад, ки ҷони 40 сарнишинро нафот диҳанд ва феълан ҳамаи онҳо дар бемористон қарор доранд.
Ҳоло аз марги 17 нафар маълум аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дохили ҳавопаймо 92 сарнишин бо шумули се халабон ва 5 ҳайати экипаж қарор доштанд. Аммо баъдан маълум гардид, ки ҳавопаймо бо 85 мусофир парвоз дошт.
Гуфта мешавад, корҳои ҷустуҷӯӣ дар макони ҳодиса ҳамоно идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин ҳавопаймо аст, ки аз ҳисоби маблағгузории ҳарбӣ аз ИМА харидорӣ шуда буд.