Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ: Президент аз убури низомиёни афғон нигарон аст

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз убури иҷбории низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ вазъи низомӣ ва сиёсии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раисҷумҳурон аз ҷумла ба вазъи марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуданд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави ба таври маҷбурӣ фирор кардани низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.
Машқҳои густурдаи Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари ташдиди вазъ дар Афғонистон
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараён қайд намудааст, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.
Вазъият феълан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳамалоти Толибон* ҳамарӯза қавитар мегардад ва онҳо ҳудуди минтақаҳои таҳти тасарруфи худро васеътар намуда истодаанд.