Сабукӣ ба донишҷӯёне, ки ваксин мегиранд: пули шартномаро камтар месупоранд

Донишҷӯёне, ки ба таври шартномавӣ таҳсил мекунанд, дар сурати ихтиёрӣ гирифтани ваксин аз имтиёз дар мавриди супоридани пули шартномаи донишгоҳ бархӯрдор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар вилоятҳои Самарқанду Тошканд ва чанде дигар ваксинзании ихтиёрӣ алайҳи коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 - сола боло оғоз ёфтааст.
Бино бар маълумоти Sputnik Ӯзбекистон, Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд эм гиранд, васеъ намудааст.
Ҳамакнун, донишҷӯёни аз 18 - сола боло, ки дар донишгоҳҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ҳамчунин аз рӯи барномаҳои бакалаврӣ ва баъдидипломӣ таҳсил мекунанд, метавонанд алайҳи маризии коронавирус худро бо роҳи ваксингирӣ эмин намоянд.
"Одам болои одам": навбатпоӣ ва "шиносбозӣ" барои ваксингирӣ дар Хуҷанд
Манбаъ меафзояд, барои донишҷӯёне, ки ихтиёран ваксин мегиранд, имтиёзҳо низ маҷвуд аст:
Аз ҷумла донишҷӯёни шартномавӣ, ки ихтиёран алайҳи коронавирус ваксин мегиранд, ҳангоми пардохти шартнома барои соли хониши 2021/2022 тахфифи яквақтаи 10% мегиранд.
Дар Тоҷикистон низ ваксингирии ҳатмӣ аз афроди 18 - сола боло оғоз ёфт. Вале феълан чунин сабукиҳо барои донишҷӯёне, ки тариқи шартнома таҳсил мекунанд, эълон нагардидааст.