ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Ҳайати ҳукуматии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масоили марзиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад, Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирон.
Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар Фарғона баргузор шудааст.
Ҳайатҳо дар бораи ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар табодули назар кардаанд.
Тафсилоти дигари ин мулоқот ифшо нашудааст.
Гуфта мешавад, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст.
Дар натиҷаи ин дидору мулоқот, протоколи дахлдор имзо шудааст.
Манбаъ афзуда, ки ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 28-29 июн президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Душанбе омада буд. Дар ин сафар кишвардор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот кард.
Дар паи мукозироти сатҳи олӣ ҷонибҳо чор санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Ҳамчунин, дар ин музокирот аломатгузории 32 километри дигари марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд.