Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъи даҳшатовари коронавирус дар Қазоқистон: 3000 гирифторӣ ва 31 фавт дар як рӯз

Дар Қазоқистон вазъият бобати паҳншавӣ ва маргу мир аз маризии коронавирус нигаронкунанда гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон ҳудуди 3000 нафар мубталои коронавирус гардиданд.
Ситод фаврӣ алайҳи мубориза бо ин беморӣ хабар медиҳад, ки рӯзи гузашта беш аз 29 нафар олудаи ин вирус гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, гирифторшавии аз ҳама беш дар Нур-Султон сабт гардидааст - 791 нафар дар 24 соат.
Вазорати беҳдошти ин кишвар мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳоло теъдоди гирифторон ба коронавирус 433 931 нафарро ташкил медиҳад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қазоқистон штамми "ҳиндӣ" - и коронавирус босуръат паҳн мешавад
Зимнан, Ситоди фаврӣ аз ҳалокати 31 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, аз ин миён 26 фавт маҳз аз коронавирус буда боқимонда 5 нафари дигар аз илтиҳоби шадиди шуш ҷон охтанд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло теъдоди қурбониёни маризии коронавирус дар Қазоқистон ба 4 444 нафар расидааст.
Вазорат мегӯяд, то 4 июн, дар маҷмӯъ 29 961 нафар таҳти табобат қарор доранд, ки 9 082 бемор дар дармонгоҳҳо зери назорати табибон ҳастанд.
Феълан вазъияти 578 нафар вазнин буда, ҳолати 118 беморро табибон нигаронкунанда меноманд.
Гузашта аз ин, 72 нафар дар Қазоқистон зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд.