КҲФ мегӯяд, истироҳатгоҳҳои кӯдакона ҳолати хуби экологӣ дорад

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода вазъи экологии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии бачагонаро санҷиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, истироҳатгоҳҳои бачагонаи шаҳри Душанбе ҳолати хуби экологӣ доранд.
Афсарони ин ниҳод дар паи санҷиши ҳолати экологии истироҳатгоҳҳо ба чунин хулоса омадаанд.
Кори 4 истироҳатгоҳи кӯдаконаи пойтахт оғоз ёфт
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар паи ин санҷишҳо кормандони КҲФ, бо кӯдакону наврасон ва кормандони истироҳатгоҳҳои мазкур машғулиятҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
"Ба кӯдакон ва кормандон видеороликҳо ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси навъи COVID-19, намоиш дода шуда, маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, аз ҷониби афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, Дастаи махсуси зудаамали наҷотдиҳӣ ҳолати экологӣ, тайёрӣ ба қабули кӯдакону наврасон ва фаъолияти лагерҳои истироҳатию фароғатии берун аз шаҳрӣ санҷида шуд.
Қарори раиси Душанбе барои ташкили ҷашнвораи тобистона
Манбаъ афзуда, ки истироҳатгоҳҳои мазкур дар ҳолати хуби экологӣ қарор дошта, аз ҷониби гуруҳи кории Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе оид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд.