Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти ҳамсари Музаффаров, собиқ вазири молия аз “вируси корона"

Гулширин Ҳамдамова, ҳамсари Анваршо Музаффаров, собиқ вазири молия аз бемории ҳамагири коронавирус субҳи имрӯз дар шифохонаи маъруф ба “Якум Советский” и Душанбе даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Яке аз наздикони хонаводаи собиқ вазири молия дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳамдамова як ҳафта ба ин тараф бо нишонаҳои бемории “вируси корона” бистарӣ буд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Дар бораи даргузашти ҳамсари Анваршо Музаффаров баъзе аз ҳамсабақони собиқ вазири молия тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ низ изҳори тасаллият баён намудаанд.
“Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бовафои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд”, - изҳор намудааст, Карамулло Одилов, аз ҳамсабақони собиқ вазири молия.
Бино ба иттилои манобеъ, Анваршо Музаффаров низ як ҳафта ба ин тараф дар Шифохонаи “Якум Советский” бистарӣ буда, хушбахтона аз рӯзҳои қаблӣ дида ҳоло вазъи саломатиаш беҳбуд ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Музаффаров Анваршо Музаффарович солҳои 2000 – 2004 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Хуруҷи дубораи коронавирус ба Тоҷикистон

Ба маълумоти расмӣ вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд. Дар давоми 13 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти ду бемор хабар дода буд.
То 3 июл дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 13569 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13346 нафар шифо ёфтаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Марги ду нафар ва гирифторшавии рекордӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат
Теъдоди умумии гузаштагон бар асари коронавирус аз соли гузашта то ҳол расман 92 нафар арзёбӣ мешавад.
Табибон дар бораи риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ ҳадс зада, аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки бастани ниқоб, шустани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоят кунанд.