Бунёди осорхонаи замонавии 3 -миллионӣ дар Муъминобод

Осорхонаи замонавӣ бо маблағи 3 миллион сомонӣ сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Дар ноҳияи Муъминобод осорхонаи нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин иншооти фарҳангӣ, ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
"Осорхона ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бинои он аз 2 ошёна, 2 утоқи корӣ ва ду толори васеъ барои гузоштани ёдгориҳои таърихӣ иборат мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки бино аз ҷониби ҶДММ "СМС"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд бунёд мегардад.
Баррасии роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлол
То имрӯз, 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар бунёди осорхона 15 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, тибқи нақша бино то охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири Ҳукумат ба раисони шаҳру навоҳӣ супориш дод, ки иншооти ҷашниро бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом расонанд.