Мисоли раиси парлумон: чаро қадри вакил коста мегардад?

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз он интиқод кард, ки вакилон барои ҳалли мушкилоти мардум ва арзи интихобкунандаҳояшон то охир корбарӣ намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, ҳафтаи равон дар гузориши қабл аз таътили парлумон, шеваеро, ки вакилон барои расидагӣ ба мушкили мардум истифода мебаранд, камсамар хонд.
Зокирзода изҳор дошт, ки вакилон дар сафарҳою мулоқотҳояшон масъалаҳои ҳалталабро шунида, чун анъана номгӯи чорабиниҳои ҳалталабро ба вазорату идораҳои дахлдор мекунанд. Баррасии муроҷиати интихобкунандагон тартиби корбарии нав­ро тақозо менамояд, изҳор дошт раиси Маҷлиси намояндагон.
Ӯ мисол овард, ки мсалан, вакил ба шаҳр ё ноҳия бо мақсади мулоқот ва дар ин замина саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти интихобкунандагон сафари корӣ анҷом медиҳад.
“Сокинони ҳавзаи интихоботӣ бошанд, бо умед дар чорабинии вохӯрии вакилон ширкат меварзанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоташон масъалагузорӣ менамоянд. Вале баррасии масъалаҳои манзурнамудаи интихобкунандагон бо як пешниҳод ба вазорату идораҳо маҳдуд гардида, ҳалли аксар масъалаҳо бенатиҷа анҷом меёбанд”, - изҳор дошт Зокирзода дар гузоришаш.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки албатта, чунин ҳолатҳо ба шаъну шарафи вакилӣ ва коста гардидани эътимоди интихобкунандагон ба вакилон бетаъсир буда наметавонад.
Ӯ зарур хонд, ки вакилон масъалаҳои характери иҷтимоӣ ва оммавидоштаи аз ҷониби интихобкунандагон манзуршударо дар маркази диққат қарор дода, то ёфтани ҳалли ниҳоӣ бо мақомоти дахлдор корбарӣ намоянд. Танҳо бо ин роҳ метавон обрӯю ­эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди халқро нигоҳ дошт, таъкид намуд раиси Маҷлиси намояндагон.